Имрӯз, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо як гурӯҳ сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Покистон дидору гуфтушунид намуданд. Дар ин бора аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод, бахусус бунёди корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳои мутақобила байни вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон табодули назар карданд. Ҳамчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои фаъоли байни минтақаҳо дар самти рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ ва ҷалби сармоя, инчунин амалисозии лоиҳаҳо қайд шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь