Дар соли сипаришуда аз ҷониби соҳибкорон 85 корхона бо таъсиси зиёда аз 2710 ҷойи нави корӣ мавриди истифода қарор дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии дар вилоят ба 912 адад расид. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли 2025 дар вилоят ба маблағи 13,9 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба соли 2024-ум 1,9 миллиард сомонӣ зиёд буда, суръати рушди он 111,1 фоизро ташкил дод.
Раиси вилоят афзуд, ки ба ҳолати якуми декабри 2025 дар вилояти Хатлон 99797 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, нисбати дурнамои солона 122 фоизро ташкил медиҳад (аз ҷумла аз ҳисоби шахсони воқей 91024 ҷой ва аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ 8773 ҷой корӣ таъсис дода шудааст).
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2750 километр роҳҳои маҳаллӣ ва 159 адад пулу қубурҳо бо маблағи умумии 424 миллион сомонӣ таъмир гардида, ҳаҷми корҳои иҷрошуда нисбат ба соли 2024-ум 166 фоизро ташкил медиҳад.

Давлаталӣ Саид: Ҳаштоду панҷ корхонаи нав бунёд шуд
Блоки рекламавӣ


