Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии ба роҳ мондани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон Дави чоруми солонаи дӯстии Тоҷикистон-Ҳиндустон-2025 ва Дави «Виксит Бҳарат» баргузор мешавад. Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» 28 сентябр, соати 07:30 дар «Наврӯзгоҳ»-и Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора аз Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон хабар доданд.
Дави мазкур дар ду масофа — 3 км ва 7,5 км аз назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт то буриши кӯчаи Карамов ва хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе байни мардон ва занон мегузарад. Баъд аз тай намудани ин масофаҳо ғолибону ҷоизадорони «Дави дӯстӣ» аз ҷониби ташкилкунандагон бо Диплом ва туҳфаҳои молӣ қадр мегарданд.
Дар мусобиқа кормандони вазорату идораҳои давлатӣ, устодону донишҷӯёни муасисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сокинони пойтахт, дӯстдорони дав, ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе ва донишҷӯёну шаҳрвандони кишвари Ҳиндустон, ки дар пойтахти мамлакат таҳсил ва иқомат мекунанд, ширкат хоҳанд дошт.
Муносибатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон ҳанӯз аз аввали солҳои соҳибистиқлолӣ, аниқтараш аз 28 августи оли 1992 ба роҳ монда шуда, Ҳиндустон барои Тоҷикистон чун давлати дӯст шинохта шудааст.

«Дави дӯстӣ» дар “Наврӯзгоҳ”-и Душанбе
Блоки рекламавӣ


