Дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Фарзандони содиқи миллатем!» маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор шуд.
Дар майдони қисми ҳарбӣ даъватшавандагон аз ноҳияҳои минтақаи Рашт ба таври ихтиёрӣ барои пайвастан ба сафи Артиши миллӣ ҳозир гардиданд. Бояд гуфт, ки имрӯз нақшаи даъвати ҳарбии ноҳияҳои Сангвор 100%, Лахш 100%, Тоҷикобод 100%, Нуробод 100% ва Рашт 100 фоиз иҷро гардид, ки дар натиҷа ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якуми маъракаи даъват 100 % иҷро карданд.
Дар ҳамоиш ба 190 нафар наваскароне, ки даври ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа»-ро аз ҳисоби Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ дохил шудан ба таври ихтиёрӣ ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ дода шуд.

Даъвати тирамоҳӣ: Рашт баъди Бохтар нақшаро иҷро кард
Блоки рекламавӣ


