Аз якум то даҳуми октябр иҷрои нақша дар Тоҷикистон 78 фоизро дар бар гирифта, қариб 30 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Дар ин бора аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Шуруъ аз якуми октябр дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 29 августи соли 2025 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати навбатии ҷавонписарон ба сафи Артиши миллӣ муташаккилона идома дорад.
Бо оғоз гардидани даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд.
Ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод низ дар рӯзи нахустини ин чорабинии муҳими сиёсӣ нақшаи пешбинишударо оид ба гусели ҷавонписарони синни даъватӣ сад фоиз ба анҷом расониданд.
Натиҷаи фаъолияти хуби масъулини мақомоти давлатии вобаста ба даъват дар вилояти Хатлон аст, ки дар 10 рӯзи даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияҳои Вахш, Балҷувон, Ховалинг, Норак, Ёвон, Фархор, Хуросон, Левакант, Бохтар, Носири Хусрав, Дӯстӣ, Шаҳритус ва Ҷайҳун аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш доданд. Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 91 фоизро ташкил медиҳад.
Нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон давоми 10 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар вилояти Суғд 64 фоиз иҷро гардида, масъулини мақомоти давлатии вобастаи даъват дар ноҳияи Айнӣ нақшаи пешбинигардидаро пеш аз муҳлат пурра иҷро карданд.
Иҷрои нақшаи даъват дар шаҳри Душанбе ба 71 фоиз баробар гардидааст. Дар ин маврид аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь