Шуруъ аз якуми октябр дар тамоми ҷумҳурӣ даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкили чорабиниҳои Рӯзи даъватшаванда дар фазои тантанавӣ оғоз гардид, ки садҳо нафар ҷавонписарони синни даъватӣ ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли зисти хеш ҳозир шуда, ҳамчун аввалин даъватшавандагон омодагии худро ба хизмат ба халқу Ватан муаррифӣ карданд. Ҳамин тавр, дар рӯзи нахустини даъват иҷрои нақша дар ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дод.
Блоки рекламавӣ



