Дар давоми як моҳи ҷараёни даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, нақшаи даъват дар ҳудуди ҷумҳурӣ беш аз 92 фоиз иҷро шуд.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи пешбинигардидаро дар рӯзи аввали даъват пурра ва дар сатҳи баланд иҷро намуд.
Шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд. Ҳамзамон, дар муддати як моҳ нақшаи даъват дар вилояти Суғд 82 фоизро ташкил дода, то ин дам шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Масчоҳ, Шаҳристон, Панҷакент, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон нақшаи гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбиро пурра иҷро карданд.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар муддати як моҳи чорабиниҳои даъватӣ фаъолияти назаррас нишон дода, нақшаи пешбинигардидаро наздики 90 фоиз иҷро намуданд. Аз маҷмӯи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Роғун ва Файзобод аввалин шуда, иҷрои нақшаро иҷро карданд.

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: Нақша 92 фоиз иҷро шуд
Блоки рекламавӣ


