Дар сафари пешина Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба НБО Роғун дастур дода буданд, ки дар моҳи августи соли 2025 сарбанди ин нерӯгоҳро ба сатҳи 1110 метр баланд бардоранд.
Тавре Хадамоти матбуоти Президент хабар додааст, зимни боздиди ахири роҳбари давлат ба НБО “Роғун” иттилоъ доданд, ки дар як сол хобонидани шағал дар призмаҳои такядевори болоӣ ва поёнии сарбанд ва мувофиқи технология қабат ба қабат хобонидани маводи гилхоку филтрҳо дар ядрои сарбанд то сатҳи 1105 метр аз сатҳи баҳр иҷро шуд.
Сохтмоничиён қайд карданд, ки “дар муддати як сол сарбанд 70 метр баланд бардошта шуда, дар минтақаи сарбанди неругоҳ давоми соли 2025 дар ҳаҷми 12,7 миллион метри мукааб ва дар маҷмуъ 33,7 миллион метри мукааб ҷинсҳои куҳӣ, шағал, гилхоки сангрезадор ва филтрҳои минтақаи гузариш хобонида шудааст, ки он 42,6 фоизи ҳаҷми лоиҳавиро ташкил медиҳад”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь