Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 52-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони ғайриқонуни маҳрум кардан аз озодӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда дар хонаи истиқоматиаш қарор дошта, бо падараш пирамарди 79-солаи сокини ҳамон ҷо бинобар сабаби нофаҳмиҳо бо ҳамдигар муноқиша намуда, бо истифодаи банд ва скоч дасту пойҳо ва даҳони падарашро баста, аз 21-ум то 23-юми феврали соли 2026, дар яке аз ҳуҷраҳои хонаи истиқоматии худ ғайриқонунӣ бо истифода аз усули барои ҳаёт ва саломати хавфнок аз озодӣ маҳрум намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 131 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь