Бо иқдому ташаббусҳои бевоситаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев робитаҳои дӯстонаву ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвари бародар ба сатҳи нав расида, заминаи устувор барои рушди босуботи минбаъда гузошта мешавад.
Сиёсати хирадмандонаи роҳбарони олимақоми Тоҷикистону Қазоқистон боис гардид, ки ду халқ дар фазои дӯстӣ ва бародарӣ зиндагӣ намуда, муносибатҳои таърихӣ ва арзишҳои муштараки худро боз ҳам густариш бахшанд.
Рӯзҳои 16–17 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва ҳокими шаҳри Остона Женис Қосимбек иттилоъ дода шуд, ки дар ярмарка беш аз 1000 тонна маҳсулот аз ҷониби кишоварзон, ҳунармандон ва корхонаҳои саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба намоишу фурӯш бароварда шуд.
Корхонаҳои пешсафи вилоят, ширкатҳои консервабарорӣ ва истеҳсолкунандагони шириниҳои миллӣ (қанду набот, ҳалво, кулчаҳо) дастранҷи худро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин матоъҳои атласу адрас, либосҳои миллӣ, қолинҳо, кордҳо, хушкмева, сабзавот, тарбузу харбуза ва маҳсулоти дигар таваҷҷуҳи харидоронро ҷалб намуданд.
Дар намоишгоҳ ҳар як шаҳру ноҳияи вилояти Суғд то 40–50 тонна маҳсулот пешкаш кард. Бонувон дар хаймаҳои миллӣ нонҳои гуногун, кулчаҳо ва самбусаҳо пухта, ба сокинони пойтахти Қазоқистон пешкаш намуданд. Ошпазони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 10 деги бузург оши палави тоҷикӣ омода карданд, ки аз ҷониби сокинони шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон гарм истиқбол шуд.
Сокинони пойтахти Қазоқистон аз маҳсулоти кишоварзӣ, хушкмева, сабзавоту меваи тар ва дигар анвои хӯроки миллӣ бо хушнудӣ харидорӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин ярмаркаҳо ба таъмини бозор бо маҳсулоти босифату арзон ва таҳкими дӯстиҳои мардумӣ мусоидат мекунанд.
Намоишгоҳ дар масоҳати 4500 метри мураббаъ баргузор гардида, дар ду тарафи макони баргузории чорабинӣ 50 хаймаи фурӯши маҳсулот ҷойгир карда шуд. Дар маркази майдон бошад, намоишу фурӯши маҳсулоти гуногун, сабзавоту мева ва таомҳои миллӣ ба роҳ монда шуд.
Ин чорабинии бошукӯҳ на танҳо саҳнаи намоиши маҳсулоти босифати тоҷикистониён гардид, балки рамзи дӯстии ду миллат низ буд. Аҳолӣ ба сарони ду давлат – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Тоқаев – барои чунин иқдомҳои созанда, ки ба таҳкими робитаҳои бародарӣ, боло бурдани сатҳи иқтисодӣ ва мустаҳкам гардидани рафоқат миёни халқҳои Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат менамояд, миннатдорӣ баён карданд.
Дар доираи барнома аҳли ҳунару санъат бо консертҳои пурмазмун ва саҳнаҳои театркунонидашуда, ки дӯстиву рафоқати мардумони ду кишварро таҷассум мекарданд, хотири иштирокчиёнро болида гардонданд.