Хадамоти федералии амнияти Руссия гуфтааст, ки як шабакаи ғайриқонуниеро ошкор кард. Ин шабака аз се нафар иборат буд ва ба муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ месохт. Гунаҳгорон ният доштанд то ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор кунанд.
Гумонбарон дар вилоятҳои Новосибирск ва Петропавловск барои муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ, аз ҷумла расид дар бораи пардохти маблағи патент медоданд ва муҳоҷирон бо ин санадҳо дар сохтмонҳои минтақаи Камчатка фаъолият доштанд.
Хадамоти федероалии амнияти Русия дар бораи шахсони боздоштшуда маълумоти зиёд надода ва дар хабарномаи расмӣ танҳо зикр шудааст, ки нисбати ин се нафар бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванда боз шуд.
Ба қавли ТАСС нисбати муҳоҷироне, ки бо санадҳои қалбакии аз ин шахсон гирифтаашон кор кардаанд, бо гуноҳи истифодаи асноди сохта парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ медоранд.

Дастгир шудани се нафаре, ки ба муҳоҷирон санади қалбакӣ месохтанд
Блоки рекламавӣ


