Дастаи миллии Тоҷикистон дар даври сеюми даври гурӯҳии Ҷоми CAFA (ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ) бо яке аз дастаҳои қавии Осиё — Эрон мусовӣ кард, аммо ин барои ба плей-офи мусобиқа баромадан кофӣ набуд.
Ғайр аз Тоҷикистон ва Эрон, дар гурӯҳи А Афғонистон ва Ҳиндустон бозӣ мекарданд. Дар даври аввал футболбозони тоҷик бозиро ба ҳиндуҳо бо ҳисоби 2:1 бохтанд, дар даври дуюм Афғонистонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карданд. Ҳиндустон аз Эрон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд ва дар даври сеюм бо Афғонистон мусовӣ кард.То оғози даври ниҳоӣ Эрон 6 хол дошт ва аз ин рӯ барои онҳо кофӣ буд, ки аз Тоҷикистон мағлуб нашаванд. Дар навбати худ, ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон танҳо пирӯзӣ лозим буд, зеро дар сурати баробар будани холҳо, бартарии вохӯрӣи ҳарду даста ба ҷониби Ҳиндустон боқӣ монд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь