Дастаи футболи “Шодмон”-и Ҳисор бо шумораи 21 воҳиди корӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 21 воҳиди корӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсус таъсис дода шуда, дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон бомуваффақият баромад дорад.
Баҳри амалишавии барнома ва фаъолияти дастаи футболи “Шодмон” дар соли 2025 аз буҷети маҳаллӣ 767786 сомонӣ, аз ҳисоби эҳсонкорон 1 миллиону 230,66 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида, дар шашмоҳаи якум аз буҷети маҳаллӣ ба маблағи 402 ҳазору 925 сомонӣ ва суратҳисоби махсус 156 ҳазору 906 сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар маҷмӯъ аз 1 млн 215 ҳазору 368 сомонӣ ҳамагӣ 559 ҳазору 832 сомонӣ маблағгузорӣ гаштааст, гуфта шуд дар нишасти хабарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бозиҳои дастаи футболи “Шодмон”-и Ҳисор аз 5 апрел дар асоси тақвими бозиҳои Лигаи якуми Тоҷикистон дар соли 2025 оғоз гардида, бо натиҷаи 6 ғалаба, 1 мусовӣ ва 6 бохт дар зинаи 8-уми Лигаи якуми футболи Тоҷикистон қарор дорад.
Саодати Абдукарим