Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов, ки пеш бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 15-уми ноябри соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов даромада, аз он ҷо якчанд адад ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 50 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисими 3 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



