Дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ, ду роҳсози чинӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ҳамла аз самти Афғонистон сурат гирифтааст.
Манбаъҳо дар ноҳияи Дарвоз субҳи 1 декабр гуфтаанд, ки ҳодиса шоми гузашта дар ҳудуди деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ин ноҳия рух додааст.
Ба иттилои манбаъҳо, ҳодиса тақрибан вақти шом замоне рух додааст, ки коргарони чинӣ дар яке аз галлерея ё туннелҳои хурд дар роҳи навбунёди Қалъаихум-Ванҷ-марзи Рӯшон, машғули кор буданд.
Тафсилоти бештари ҳодиса дар даст нест. Ба гуфтаи манбаъҳо ҳоло ҷасадҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи Дарвоз қарор доранд ва баъди ташхис ба Душанбе интиқол дода мешаванд.
Расонаҳои Афғонистон ҳам бо такя ба манбаъҳои худ хабар додаанд, ки дар ҳамла ба шаҳрвандони чинӣ аз силоҳҳои сабук истифода шудааст.
“Afghanistan International” навиштааст, ки дар ин ҳамла зоҳиран нерӯҳои марзбонии Толибон, ки аз дигар минтақаҳо дар Моймай омада буданд, даст доштаанд.
Ҳанӯз ангезаҳои ин ҳамла маълум нест ва шахсияти қурбониён эълон нашудааст.
Деҳаи Шодаки ҷамоати Вишхарви ноҳияи Дарвоз — ҷойе ки ҳамла ба роҳсозони чинӣ сурат гирифтааст, бо вулусволии Моймайи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.
Ҳамла ба шаҳрвандони Чин дар Дарвоз дар ҳоле сурат мегирад, ки дар пайи ҳамлаи маргбор ба марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва кушта шудани се нафар дар рӯзи 26-уми ноябр, Чин аз шаҳрвандонаш хост, аз минтақаи марзӣ берун шаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь