Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ки дар соли нави таҳсил дар муассисаҳои таълимии пойтахт дарси зеҳни сунъӣ ба роҳ монда мешавад.

Манбаъ меафзояд, ки ин иқдом дар доираи татбиқи Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми сентябри соли 2022, №483 ба тасвиб расидааст, амалӣ мегардад.

Ба навиштаи манбаъ, бо мақсади ба роҳ мондани омӯзиши зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе гурӯҳи корӣ иборат аз намояндаҳои МД “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт сафарбар гардида, бо директорони муассисаҳои таълимӣ вохӯрӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот аз ҷониби гурӯҳи корӣ доир ба омӯзиш ва рушди зеҳни сунъӣ, имкониятҳои он дар низоми маориф ва аҳамияти баланд бардоштани саводнокии рақамии хонандагон маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Тибқи нақша, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ дар муассисаҳои интихобшуда машғулиятҳои иловагӣ оид ба зеҳни сунъӣ ба роҳ монда мешавад.

Dialog.tj

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь