Имрӯз 17 октябр, дарси кушоди “Устод ва шогирд” бо иштироки Дмитрий Астрахан Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Руссия бо донишҷӯёни Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Руссия баргузор гардид.
Дари “Устод ва шогирд”- и Дмитрий Астрахан дар доираи Синоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе:” Тоҷи Сомон” сурат мегирад.
Дмитрий Астрахан — коргардони маъруфи театр ва синамо, ҳунарпеша, филмноманавис, продюсер ва ровии телевизион буда, дар арсаи фарҳангу санъати Руссия саҳми намоён дорад. Ӯ дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематографияи Маскав (ВГИК) мактаби маҳорати ҳунарии худро роҳбарӣ мекунад.
Аз ҷумлаи асарҳои шинохтаи ӯ метавон филмҳои “Ты у меня одна” (1993) ва “Изыди” (1991)-ро ном бурд, ки охирин ба ҷоизаи бонуфузи “Оскар” пешниҳод гардида буд.
Абдураҳмон Раҳмонов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь