Ҳунарпешаву коргардони тоҷик ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон Тамара Абдушукурова имрӯз дар 85-солагӣ даргузашт.

Дар ин бора Вазорати фарҳанг хабар дода, навишт, ки «Тамара Абдушукурова  намоде аз вафодорӣ ба пешаи интихобкардааш, улгуе аз тахассуси воло ва инсоният низ ба шумор мерафт. Даргузашти ин дилдодаи фарҳанг ҷуброннопазир барои ҷомеаи санъату ҳунар ва ҳаводорону шефтагони истеъдоди ӯ маҳсуб мешавад».

Тамара Абдушукурова ҳунарпеша ва коргардони театри тоҷик буда, 24-уми августи соли 1940 дар ноҳияи Ғарм ба дунё омадааст. Номбурда хатмкардаи Донишкадаи санъати театрии ба номи Луначарскийи Маскав (ГИТИС) буда, солҳо дар Театри ба номи Лоҳутӣ ба ҳайси ҳунарпеша ва коргардон фаъолият кардааст.

Ин ҳунарпешаи тоҷик дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ҳам чанд сол дарс гуфта, як муддат муовин ва баъдтар ректори донишкадаи мазкур буд.

Тамара Абдушукурова солҳои 1990-1992 ба ҳайси вазири фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.

Ӯ дар саҳнаи театр бо иҷрои нақшҳои муассир, махсусан занони қавиирода симои худро муаррифӣ намудааст. Нақши Смералдино дар “Шоҳ Гавазн”, Варя дар “Ҷавоне аз шаҳри мо”, Бунафша дар “Деҳотӣ”, Нозӣ дар “Дуэл”, Мавҷуда дар “Иродаи зан” аз зумраи беҳтарин нақшҳои ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Тамара Абдушукурова Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони шӯравӣ  буда, ба ҳайси коргардон намоишномаҳои “Никоҳи мунтахаб”, “Ёрони маҳбуб”, “Беҷиҳоз”, “Зангирӣ” ва дигар намоишномаҳоро ба саҳна овардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь