12-уми сентябр дили шоир ва рузноманигори маъруф Абдуқодири Раҳим дар синни 64-солагӣ дар Душанбе аз тапидан бозмонд.
Раҳимов Абдуқодир 17 январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст.
Хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Ленин (1979) ва факултети филологияи тоҷики УДТ (1984)аст.
Корманди телевизиони тоҷик (1984-85), омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (1985-87), хабарнигор, котиби масъули рӯзномаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ (1987 — 90), муҳаррири калон, мудири шуъбаи маҷаллаи «Фарҳанг» (1990-93), мухбири нашрияи «Ҷумҳурият» (1993 — 99) буд. Аз соли 1999 дар вазифаи мудири шуъбаи фарҳанги ҳамин нашрия кор мекард.
Фаъолияти эҷодии Абдуқодири Раҳим охири солҳои 80 садаи XX оғоз шуд. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури «Дурӯғи шабнам» (1993), «Чароғи ошноӣ» (1997), «Ҷилваи як нола» (1998), «Нусхаи парешонӣ» (2000), «Рӯшноӣ» (2003), «Фиреби меҳр» (2003), «Хилвати Ойина» (2005), «Духтари афсонаҳо» (2006) гирд омадаанд. Мавзӯи ашъори Абдуқодири Раҳим васфи Ватан инсондӯстӣ, зебоиҳои табиати кишвар, ишқу ҷавонӣ, андешаҳои фалсафӣ дар бораи маънии зиндагӣ ва ғайра мебошанд.
Абдуқодири Раҳим дорандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳумати ҶТ (1995), узви ИЖ Тоҷикистон (1994) буд. Бо медали «Хидмати шоиста» (2010) сарфароз гардидааст. Аз соли 1994 узви ИН Тоҷикистон буд.

Ӯ аз зумраи нафароне буд, ки бо муносибати неки инсониаш, бо хулқи неку инсонияти баландаш, бо таронаҳои зебою равонаш, бо ҳикояҳои хонданию андешапарваронааш дар ёду хотираҳо монд. Равонат шод бод Инсони комил!

“Фараҳ” аз марги нобаҳангоми муаллифи доимиаш сахт андӯҳгин буда, ба хешовандону пайвандони марҳум арзи тасаллият менамояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь