Ба хотири ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» -Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тойифии гулобӣ дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, дар назди маркази савдою хизматрасонии «Алмосӣ» муҷассама сохта мешавад.
Ҳоло дар гардиши дараи Алмосӣ сохтмони муҷассама оғоз гардид. Изҳори итминон карда шуд, ки муҷассама дар арафаи чорабиниҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди истифода қарор мегирад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь