Дар доираи корҳои ободониву сабзкорӣ дар минтақаҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд, шинонидани дарахтони ороишиву сояафкан идома дорад.
Аз ҷумла, бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар майдони назди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ниҳолҳои ороишӣ шинонда шуд.
Таъкид гардид, ки сабзкорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити шаҳр яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти маҳаллӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, дар минтақаҳои гуногуни шаҳр иловатан шинонидани наздик ба 100 адад чунин дарахтони ороишиву сояафкан, ки аз хориҷи кишвар ворид гардидааст, ба нақша гирифта шудааст.
Мақсад аз амалисозии ин тадбирҳо беҳтар намудани вазъи экологӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид барои истироҳати сокинон ва зебо гардонидани симои шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь