Дар Қувайт як ҳавопаймои ҷангии амрикоии F-15 суқут кард. Ба халабон муяссар шуд, ки ҷонашро наҷот диҳад.
Ҳавопаймои ҷангӣ, менависад CNN, 10 километр дуртар аз пойгоҳи нерӯҳои ҳавоии ИМА Ал-Салим суқут кард. Сабаби афтодани ҳавопаймо то ҳол маълум нест. Каналҳои OSINT тахмин мезананд, ки ҳавопаймои низомӣ метавонад дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ сарнагун шавад.
CNN инчунин хотиррасон мекунад, ки дар неруҳои ҳавоии Қувайт ҳавопаймоҳои ҷангии амрикоии F/A-18 мавҷуданд.
Сафорати ИМА дар Қувайт субҳи дуюми март дар бораи хатари зарбаҳои нави мушакҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин аз Эрон ҳушдор дод, менависад The Guardian ва хабар додааст “дуди сиёҳ дар болои бинои намояндагии дипломатии Амрико баланд мегаодад”.
Блоки рекламавӣ



