Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Украина нотаи эътирозӣ фиристод, зеро 13 шаҳрвандашро дар ғуломӣ нигоҳ медоштанд. Дар ин бора сухангӯи ВКХ – ин кишвар Аҳрор Бурҳонов дар шабакаи Telegram хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, нотаи эътирозӣ ба вазорати корҳои хориҷӣ ва Прокуратураи Генералии Украина фиристода шудаанд:
“Нотаҳои дахлдор барои расонидани кӯмаки консулӣ-ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Ӯзбекистон фиристодем”, — қайд кард Бурҳонов.
Қайд карда мешавад, ки кормандони сафорати Ӯзбекистон дар Украина барои муайян кардани тамоми ҳолатҳои вазъият ба ҷои ҳодиса рафтанд. Инчунин, вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки аз сафар ба Украина худдорӣ кунанд.
Рӯзи гузашта додситонии вилояти Киев хабар дода буд, ки дар минтақа лагере пайдо шудааст, ки дар он 13 шаҳрванди Ӯзбекистон дар ғуломӣ нигоҳ дошта мешуданд.
Хориҷиёнро маҷбур мекарданд, ки бепул кор кунанд. Онҳо ба Киев интиқол дода шудаанд, – хабар додаанд аз Додситонии Киев. Интиқоли онҳо ба Киев аз ҷониби намояндагони Украина, Ӯзбекистон ва Чин ташкил карда шуд. Ҷинояткорон шаҳрвандони Ӯзбекистонро гумроҳ кардаю истисмор мекарданд ва онҳоро бо истифода аз вазъи беҳуқуқии ба вуҷуд омада, маҷбуран нигоҳ медоштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь