Субҳи сеюми октябр дар Украина аксбардори фаронсавӣ Антони Лалликан ҳалок гардид. Вай 37 сол дошт. Бо нашрияҳои Le Monde, Le Figaro, Liberation, Mediapart, Der Spiegel, Zeit, Die Welt, Le Temps, Der Standard, La Presse ҳамкорӣ кардааст.
Тавре ки федератсияи байналмилалии журналистон хабар медиҳад, Антони Лалликан дар натиҷаи зарбаи дрон дар наздикии шаҳри Дружковка кушта шуд. Дар лаҳзаи зарба дар наздикии хабарнигор журналист ва аксбардори нашрияи Kyiv Independent Григорий Иванченко буд. Вай захмӣ шуд.
Дар робита ба марги Антони Лалликан, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар шабакаи иҷтимоӣ навишт:
“Ман ба оилаи ӯ, наздикон ва ҳамаи ҳамкоронаш, ки ҷони худро зери хатар гузошта, моро аз воқеият огоҳ мекунанд ва шаҳодат медиҳанд, изҳори ҳамдардӣ мекунам”.
Антони Лалликан дар синни 30-солагӣ ба аксбардорӣ шуруъ кардааст. Вай ба кор дар минтақаҳои “гарм” — Кашмир, Қарабоғи Кӯҳӣ, Шарқи Наздик тахассус дошт. Дар Украина ӯ аз моҳи марти соли 2022 кор мекард. Лауреати ҷоизаи ба номи Виктор Гюго барои беҳтарин аксбардорӣ (2024 сол), гран-прии Paris Match Etudiant (2022) буд.



