Дар натиҷаи таркиши мошин дар Маскав генерал-лейтенант Фанил Сарваров, раҳбари як раёсати Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Руссия кушта шудааст.
Светлана Петренко, сухангӯйи Кумитаи тафтишоти Руссия, тасдиқ кардааст, ки ҳодиса рӯзи 22-юми декабр ва бар асари фаъол шудани маводи тарканда дар зери як мошин рӯй дод.
Ба қавли Петренко, муфаттишон фарзияҳои гуногунро таҳқиқ доранд: “Тафтиши ҷойи ҳодиса давом дорад. Муфаттишон ташхиси тиббиву фаннӣ барпо хоҳанд кард. Суҳбатҳо бо шоҳидони ҳодиса ва омӯзиши дурбинҳои кӯча ҷараён дорад. Яке аз фарзияҳо ташкили ин ҷиноят аз тарафи хадамоти махсуси Украина мебошад.”
Кумитаи тафтишоти Руссия бар асоси моддаҳои куштор ба таври хатарнок ва гардиши ғайриқонунии маводи тарканда парванди ҷиноӣ боз кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь