Дар маҳаллаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд, Раиси федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода ба бунёди Маҷмааи Академияи футболи шаҳри Хуҷанд санги асос гузошта шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маҷмааи Академияи футболи шаҳри Хуҷанд иборат аз як бинои маъмурӣ, 2 майдони калони футбол, 2 майдони хурди футбол, 1 майдони болопӯшидаи футбол, ҳавзи шиноварӣ, толори варзиш иборат буда, лоиҳаи он аз тарафи ширкати “Хушофар” таҳия гардида, фармоишгари он Идораи сохтмони асосии шаҳр ва маблағгузори лоиҳа Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мебошад.
Блоки рекламавӣ



