“Дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати шаҳраки Зарафшони ноҳияи Айнӣ санги асоси сохтмони Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд” – хабар додааст Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми Корхонаи фаръии «Шахтаи Фон-Яғноб» дар шаҳраки Зарафшон-2 бунёд мегардад.
Тибқи лоиҳа, Парчам дар баландии 30 метр сохта мешавад. Майдони он бо фаввораҳои зебо, гулгаштҳо ва нишастгоҳҳо оро меёбад.
Дар маросими гузоштани санги асоси сохтмони Майдони Парчами давлатӣ таъкид гардид, ки ҳамаи тадбирҳои ободкориву созандагӣ маҳсули талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз дар фазои сулҳ ва ваҳдату оромӣ имкон фароҳам омадааст, то дар гӯшаву канори мамлакат чунин иқдоми бунёдкорӣ амалӣ мегардад.
Солҳои охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд майдонҳо ва хиёбонҳои бо Парчами давлатӣ ороёфта бунёд гардиданд, ки эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои муқаддаси миллӣ аст.
Асосӣ Хабари рӯз Дар шаҳраки Зарафшон-2-и Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт

Дар шаҳраки Зарафшон-2-и Айнӣ сохтмони майдони Парчами давлатии Тоҷикистон оғоз ёфт
Блоки рекламавӣ


