Вазири иттилоот ва расонаҳои Покистон Аталла Тарир изҳор дошт, ки гуфтушунидҳо бо “Толибон” (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) дар бораи оташбаси дарозмуддат ноком шуданд ва бе ягон натиҷаи амалӣ ба анҷом расиданд.
Музокирот дар Истамбул рӯзи шанбе (25 октябр) оғоз ёфт ва бояд се рӯз идома меефт.
Атаулло гуфт, ки дар музокироти Истамбул бо миёнаравии Туркия ва Қатар ҷониби дигар барои амалиёти қатъӣ алайҳи мухолифини мусаллаҳи Покистон “кафолати мушаххас” надодааст.
Ҳукумати “Толибон”( Ҳараати мамнуъ дар Тоҷикистон) ин изҳоротро рад карда, изҳор дошт, ки муноқишаи Покистон бо мухолифони он кори дохилӣ аст.
“Толибон”(Ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон) то ҳол дар бораи анҷоми расмии музокирот бо Туркия изҳори назар накардаанд.
Чунин ба назар мерасад, ки ихтилофҳо дар бораи Толибони Покистон ва ҳузури онҳо дар Афғонистон дар музокирот баҳсбарангез буданд.
Покистон изҳор медорад, ки ҷангиёни Покистон қаламрави Афғонистонро ҳамчун “паноҳгоҳи бехатар” истифода мебаранд, ки ҷониби дигар инкор мекунад.
Дар ҳафтаҳои охир танишҳо байни Афғонистон ва Покистон ба низоъи низомӣ табдил ефтанд.
Амалиёти ҷангӣ бо оташбаси фаврӣ ба анҷом расид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь