Ҳукумати Русия тасмим гирифтааст, ки содироти бензинро аз ин кишвар аз якуми апрел манъ кунанд. Муовини сарвазир Александр Новак ба вазорати энергетика супориш додааст, ки қарори дахлдори ҳукуматро омода кунанд.
Хадамоти матбуотии кобинаи вазирон гуфтааст, ки мақомот барои ба эътидол овардани нархи бензин ва таъмини афзалиятноки бозори дохилӣ чунин иқдом кардаанд.
Коршиносони пурсидашудаи “Коммерсант” бар ин назаранд, ки манъи содирот метавонад танҳо болоравии нархҳоро боздорад, аммо онро ба таври ҷиддӣ коҳиш намедиҳад. Русия содиротро пас аз зарбаҳои Украина ба бандари Уст-Луга дар вилояти Ленинград маҳдуд кард. Хабаргузории Reuters хабар додааст, ки тибқи маълумоти манбаъҳо, нафткашонҳои Русия харидоронро огоҳ кардаанд, ки онҳо метавонанд форс-мажорро бо сабаби зарбаҳо ба бандарҳои Балтика эълон кунанд.
Нархи бензин дар пасманзари ҷанги ИМА ва Исроил бо Эрон ва бастани воқеии обраҳаи Ҳурмуз, ки 20% ҳаҷми ҷаҳонии нафт аз он мегузарад, боло рафт. Бо сабаби ҷанг нархи нафти Brent нуҳуми март аз 100 доллар барои як баррел боло рафт. Дар авҷи савдо нафт то 126 доллар гарон шуд, аммо минбаъд нархҳо дар сатҳи 110 доллар мӯътадил шуданд. “Маъмурияти ИМА ҳамзамон таҳқиқ кард, ки иқтисод бо болоравии нархи нафт то 200 доллар барои як баррел рӯ ба рӯ хоҳад шуд” – навиштааст Bloomberg рӯзи 25 март.

Дар Русия содироти бензин манъ карда шуд
Блоки рекламавӣ


