Тибқи иттилои Маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хариди техникаю механизмҳои замонавӣ омили тавсеабахши фаъолият буда, роҳбарияти «IRS» ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Ин нишондиҳанда низ давоми фаъолият тамоюли афзоишро касб кард. Масалан, соли 2022 15 адад, соли 2023 4 адад ва соли 2024 13 техникаю механизм харидорӣ гардид. Таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок соли 2012 оғоз гардида, ҳамон сол 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда бамаротиб зиёд гардида, барои таъмиру таҷдид соли 2013 6000 тонна, 2014 – 10 000 тонна, 2015 -15 000 тонна, 2016 — 13 575 тонна, 2017 – 51 551 тонна, 2018-30 864 тонна, 2019 — 49 862 тонна, 2020 — 29 377 тонна, 2021 – 55 366 тонна, 2022 – 39 916 тонна, 2023 – 25 079 тонна ва соли 2024 18 408 тонна асфалт масраф гардид.



