Бар асари ҳодисаҳои нохуши вобаста ба боронҳои шадид дар вилояти Хайбар-Пахтунхва, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон давоми 48 соати охир дар маҷмуъ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд. Дар ин бора Раёсати миллии мубориза бо офатҳои табиии Покистон (NDMA) иттилоъ додааст, хабар медиҳад агентии «Синхуа».

“Тақрибан 90,6 фоизи ҳолатҳои фавт бар асари обхезии шадид ва 6,4 дарсад бар асари фурӯрезии бомҳо сабт шудаанд”, – гуфта шудааст дар изҳороти ин раёсат. Ба маълумоти созмонҳои наҷотдиҳанда, бориши шадид, обхезии ногаҳонӣ ва зарбаи раъду барқ ба 11 ноҳияи ин вилоят хисороти ҷиддӣ ворид намуданд, ки бар асари он бархе одамон бедарак шуда, харобиҳои густурда низ ба амал омадаанд.

Тибқи иттилоъ, аз оғози боронҳои мавсимӣ 26 июн дар Покистон бар асари бориши шадид 634 нафар ҳалок ва 768 нафар маҷруҳ шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь