Дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ соли 1988, яъне 38 сол пеш сохтмони як кӯдакистони 3 ошёна барои 200 кӯдак оғоз шудаву то инҷониб нотамом боқӣ монда буд. Дар назар аст, ки имсол сохтмони онро оғоз кунанд. Дар ин бора муовини раиси ноҳияи мазкур Қурбонзода Қурбоналӣ зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод
Ӯ гуфт, ки бинои кӯдакистоне, ки дар даврони Шуравӣ оғоз гардидаву нотамом боқӣ монда буд, дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар, бо дастгирии МИҲД-и ноҳия ва дигар сарчашмаҳо дар ин сол бунёд мегардад.
Масоҳати ин кӯдакистон беш аз 2 гектарро ташкил медиҳад ва барои 300 кӯдак бунёд карда мешавад,лек ин шахси масъул дақиқ нагуфт сохтмонаш кай оғоз мегардад.
Блоки рекламавӣ



