Санҷиш дар фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак маълум кардааст, ки шахсони масъул пули маоши кормандони ин корхонаро бо роҳи фиреб дуздидаанд.
Тибқи супориши директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи январи соли 2021 аз ҷониби мутахассисони назорати давлатии молиявии Агентӣ санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагии Неругоҳи барқии обии Норак ба номи Тӯрсун Ӯлҷабоев гузаронида шудаст.
Дар рафти санҷиш муайян карда шудааст, ки шахсони масъули бахши моддии неругоҳи мазкур ба воситаи 38 корти плостикӣ, маоши кормандонро ба маблағи умумии 2 млн. 383,1 ҳазор сомонӣ аз худ кардаанд. Дар рафти санҷиш аз маблағи зарари ошкоркардашуда 1 млн. 818,5 ҳазор сомонии он барқарор карда шудааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати шахсони масъули моддии Неругоҳи болозикр Шишпаренко Олга Владимировна ва Раҳматуллоев Лутфулло Изатуллоевич бо моддаи 245, қисми 4, банди “б” ва моддаи 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.



