Муаллимони рус аз фанҳои биология, забон ва адабиёти рус, математика, химия, физика, информатика ва география сабақ медиҳанд. Аз якуми сентябр дар 27 мактаби Тоҷикистон омӯзгорон аз Русия ба фаъолият шуруъ намудаанд.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон итилох медиҳад.
Дар 27 мактаби миёнаи Тоҷикистон 109 омӯзгор – иштирокчиёни лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” ба сабақдиҳии шогирдон оғоз намудаанд.
“Россотрудничество” шарҳ додааст, ки имсол ба лоиҳа 27 мактаби давлатӣ ва хусусӣ дар 9 шаҳр ва 2 ноҳияи кишвар дохил мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2017 Тоҷикистон аввалин кишваре буд, ки лоиҳаи башардӯстонаи “Муаллими рус дар хориҷа”-ро роҳандозӣ намуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь