“Дар Майами мулоқоти ҳайати Украина бо намояндагони ИМА ва кишварҳои Аврупо ба анҷом расид. Дар ин бора Роҳбари ҳайати Украина, котиби Шӯрои амнияти миллии Украина Рустам Умаров дар Шабакаи “telegram” – и худ хабар дод.
“Мулоқотро дар Иёлоти Муттаҳида бо шарикони амрикоӣ ва аврупоӣ ба анҷом расонидем”, — навиштааст ӯ ва қайд кардааст, ки ба Президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи натиҷаҳои он хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳангоми гуфтушунидҳо дар бораи қадамҳои минбаъда ва идомаи ҳамкорӣ дар ояндаи наздик ба мувофиқа расидаанд.
18 декабр портали “Axios” хабар додааст, ки дар ин ҳафта мулоқоти Намояндаи махсуси президенти Руссия оид ба ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ Кирилл Дмитриев бо фиристодаи махсуси Президенти ИМА Стивен Уиткофф ва домоди раиси кохи Сафед Ҷаред Кушнер ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи иттилои “Politico”, мулоқоте, ки дар он Вашингтон натиҷаҳои даври охирини гуфтушунид бо Украинаро мубодила мекунад, дар Майами 20-21 декабр баргузор мешавад.
Пештар намояндаи доимии ИМА изҳор дошта буд, ки гуфтушунидҳо дар Украина ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфтаанд.

Дар Майами мулоқоти Украина ва ИМА ба анҷом расид
Блоки рекламавӣ


