Дар рӯзҳое, ки сокинони минтақаҳои Тоҷикистон аз маҳдудияти шадиди нерӯи барқ шикоят доранд, бархе бошандагони шаҳри Кӯлоб роҳи раҳоӣ аз бебарқиро пайдо кардаанд. Бархе сокинони Кӯлоб дар боми хонаашон панелҳои офтобӣ насб мекунанд. Зиёд будани талабгорони панелҳои офтобӣ боис шудааст, ки нархи ин таҷҳизот якбора боло равад.
Ҷиёнгул, сокини шаҳри Кӯлоб усто овардааст, то дар боми хонааш ду панели офтобӣ гузоранд. Ин панелҳо дар маҷмуъ як киловат барқ медиҳанд, ки ҳадди ақал барои рӯшан кардани хона кофӣ аст.
Ҷиёнгул барои насби панелҳо 8 ҳазор сомонӣ сарф кардааст, ки муодили тақрибан ҳаштсад доллар аст. Дар оянда метавонад теъдоди панелҳоро бештар кунад ва барқи зиёдтар гирад.
“Гарон аст, зӯри ҳар кас намерасад. Зӯри мо ҳам нарасид. Аз бонк қарз гирифта, панелҳоро насб кардем. Агар нархи панелҳо арзонтар бошад, эҳтимол зӯри ҳама расад. Ду соат барқ медиҳанд. Дигар торик мешавад. Ин панелҳо ҳама ҷоро рӯшан нигоҳ медоранд», – мегӯяд ин зан.
Ҷиёнгул дӯзанда аст ва камбуди нерӯи барқ дар чанд ҳафтаи охир бозорашро суст кард. Ҳоло бо насби панелҳои офтобӣ дубора фаъолияташро ҷон бахшиданист. Мехоҳад, пули бештар ҷамъ биорад, то қарзи бонкро зудтар пардозад.
Ин сокини Кӯлоб гуфт, “агар пул бошад, теъдоди панелҳоро бештар кунӣ, таҷҳизоти дигарро ҳам мешавад истифода бурд. Мисол, дастгоҳи обгармкунӣ ва ҷомашӯӣ. Ҳозир мо фақат рӯшноӣ мегирем ва мошинаи дӯзандагиро истифода мекунем”.
Ин шабу рӯз ба мисли Ҷиёнгул талабгорони панелҳои офтобӣ дар Кӯлоб афзудаанд. Тоҷирон мегӯянд, ин баста танҳо аз панели офтобӣ иборат нест. Ҳар хонавода барои насби панел бояд инвектор ё ду аккумулятор бихарад. Нархи инвекторҳои яккиловатӣ аз 1500 сомонӣ сар мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь