Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии IKO-2025 аз фанҳои математика ва забони англисӣ сазовори 2 ҷойи якум, 4 ҷойи дуюм ва 8 ҷойи сеюм гардиданд. Дар ин хусус аз “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” хабар доданд.
Олимпиада аз 21 то 27 июл дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа бо иштироки беш аз 218 хонанда аз давлатҳои Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Малайзия, Мянмар ва Камбоҷа баргузор карда шуд.
Ин дастовардҳо дар доираи иҷрои муваффақонаи «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» амалӣ карда мешаванд. Ҳадафи он дастгирӣ ва тақвияти донишу малакаи хонандагони лаёқатманд аст.
Блоки рекламавӣ