Суди Маскав генералҳои ВКД Сергей Умнов, Алексей Семёнов ва Иван Абакумовро дар парвандаи гирифтани пора тавассути фонди МВД маҳкум кард. Онҳо ба мӯҳлати тӯлонӣ маҳкум шуданд, илова бар ин, аз унвонҳои ҳарбӣ маҳрум гардиданд.
Генерал-лейтенант Умнов 12 соли ҳабс ва ҷарима ба маблағи 35 миллион рубл, муовини собиқи сардори ВКД дар Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Абакумов 11,5 сол ҳабс ва ҷарима ба маблағи 25 миллион рубл, ва собиқ сардори идораи ГИБДД ВКД Семёнов 10,5 сол гирифтанд.
Дар ин парванда суд инчунин Сардори собиқи бахши ҳуқуқии Идораи минтақавии ГАИ Елена Копеваро ба 10 соли зиндон маҳкум намуд. Суди Маскав генералҳои ВКД Сергей Умнов, Алексей Семёнов ва Иван Абакумовро дар парвандаи гирифтани пора тавассути фонди ГУВД маҳкум кард.
Генералҳои барои ришва маҳкумшуда аз рутбаҳои махсус маҳрум гаштанд. Умновро аз унвони генерал-лейтенант, Семёнов ва Абакумовро аз генерал – майор маҳрум шуданд.
Илова бар ин, судя қарор дод, ки соатҳои гаронбаҳои генералҳо, тамғаи Rolex ва Balmain – ро мусодира намоянд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь