Мақомоти “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо ирсоли паёмак ба мардум, аз ҷумла сокинони Душанбе ҳушдор додаанд, ки агар онҳо дар як вақт аз 4 киловат бештар барқ истифода баранд, интиқоли барқ ба хонаҳояшон барои 30 дақиқа ба таври худкор қатъ мегардад. Ин муроҷиат ба сокиноне, рабт дорад, ки аз ҳисобгираки якфаза истифода мебаранд.
Аз истифодабарандагон хоста шудааст, ки дар як вақт аз чанд дастгоҳи барқӣ, мисли дарзмолу печҳо ва мошинаи ҷомашӯӣ истифода накунанд.
Мақомот зарурати кам кардани истифодаи барқро ба камшавии об дар дарёҳо рабт додаанд, ки ба гуфтаи онҳо ба ҳаҷми истеҳсоли он таъсир расондааст.
Шабакаҳои тақсимоти барқ дар паёмак ба сокинон гуфтааст, ин чораҳо муваққатӣ буда, ба хотири сарфаи об роҳандозӣ шудаанд.
Блоки рекламавӣ



