Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми декабр бо нашри баёнияе гуфтааст, зани 48 солаи сокини Ҷайҳун нисбати келинаш “муносибати бераҳмонаро раво дида”, ӯро пайваста латту кӯб ва таҳқир мекардааст.
Ин ҳолат аз соли 2019 идома доштааст ва ба гуфтаи мақомот моҳи сентябри соли равон, арӯси хонавода ба ҷабру ситами хушдоман тоб наоварда, сирко хӯрда, худкушӣ кардааст. Назари хушдоман ва ҳам наздикони келин маълум нест.
Бино ба навиштаи Вазорат, нисбати хушдоман бар асоси моддаи 109, қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне барои “ба худкушӣ расондан” парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад.
Блоки рекламавӣ



