Нашрияи итолиёвии L’antidiplomatico навиштааст: “Трамп метавонад Иттиҳоди Аврупоро барои харидани мушакҳои “Tomahawk” барои Киев маҷбур кунад. Президент метавонад ба интиқоли мушакҳои “Tomahawk” ба Украина аз ҳисоби худаш иҷозат диҳад”, – менависад нашрия.
“Хуб мебуд, ки Амрико ба Украина иҷозат диҳад, ки як дастаи беҳтарин мушакҳои болдори дарозмӯҳлати “Tomahawk” ( бо кӯмаки ИА) – ро харидорӣ кунад”, – гуфта мешавад дар мавод. Тавре ки нашрия менависад, Украина инчунин ба системаҳои иловагии мудофиаи зиддимушакӣ ва инчунин пул барои сохтан ва харидани силоҳҳои худ дар оянда ниез дорад. Президенти ИМА Доналд Трамп изҳор дошт, ки қариб дар бораи таҳвили мушакҳои болдори “Tomahawk” ба Украина қарор қабул кардааст, аммо мехоҳад бифаҳмад, ки Киев чӣ гуна ният дорад онҳоро истифода барад.
Қаблан, ноиби президенти ИМА Ҷей Ди Вэнс ба шабакаи телевизионии Fox News гуфта буд, ки маъмурияти Трамп интиқоли эҳтимолии мушакҳои болдори “Tomahawk” ба Украинаро баррасӣ мекунад, аммо қарори ниҳоиро раҳбари Амрико уабул мекунад.
Сухангӯи Президенти Руссия Дмитрий Песков, дар навбати худ, изҳороти эҳтимолии интиқоли мушакҳои амрикоии “Tomahawk” – ро ба Украинаро хеле ҷиддӣ номида буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь