Сарвазири мамлакат Санчес рӯзи сеюми феврал дар нишасти ҷаҳонии ҳукуматҳо дар Дубай як бастаи иборат аз панҷ лоиҳаро барои мубориза бо сӯиистифода аз платформаҳои бузурги рақамӣ ва таъмини муҳити бехатари рақамӣ муаррифӣ кард. Вай изҳор дошт, ки”шабакаҳои иҷтимоӣ ба давлати алоҳида табдил ёфтаанд, ки дар он қонунҳо нодида гирифта мешаванд ва ҷиноятҳо таҳаммулпазиранд”.
Санчес нақшаҳои маҳдуд кардани дастрасии наврасон ба шабакаҳои иҷтимоиро эълон кард ва платформаҳои рақамиро вазифадор кард, ки системаҳои самараноки санҷиши синну солро ҷорӣ кунанд. Ҳамин тариқ, Испания ба Бритониё, Юнон ва Фаронса ҳамроҳ мешавад, ки дар он ҷо низ танзими шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла манъи дастрасӣ ба наврасон, сахттар карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь