“Талаботи нав оид ба истифодаи забони давлатӣ дар Қирғизистон аз моҳи августи соли 2025 эътибор пайдо мекунад. Президенти Мамлакат Садир Жапаров 9 август қонуни дахлдорро имзо кард, ки ин санад даҳ рӯз пас аз нашри расмӣ эътибор пайдо мекунад”,- хабар медиҳад Economist.kg.

Қонун аз ҷониби Жогорку Кенеш (парлумон) 25 июни соли ҷорӣ қабул шуда, дар зиёда аз 10 санади қонунгузорӣ тағйиротро пешбинӣ мекунад. Тағйироти асосӣ ба донистани забони қирғизӣ аз ҷониби намояндагони як қатор касбҳо ва вазифаҳо дахл дорад. Тибқи талаботи нав, забони давлатиро вакилони кенешҳои маҳаллӣ (шӯроҳо), адвокатҳо, нотариусҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амнияти миллӣ, инчунин номзадҳо ба мансабҳои давлатӣ, судяҳо ва прокурорҳо бояд донанд. Дар соҳаи номҳои ҷуғрофӣ муқаррар карда шудааст, ки номҳо ба объектҳо танҳо бо забони давлатӣ дода мешаванд, тарҷумаи онҳо ба забонҳои дигар манъ аст. Дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, ВАО ва харитаҳо чунин номҳо танҳо бо усули транслитерасия аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ интиқол дода мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь