Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд, бунёди мактабу кӯдакистонҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ идома дорад. Дар ин хусус аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Яке аз чунин иншооти муҳими таълимӣ бинои иловагии Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд мебошад, ки бо ташаббуси ширкатҳои сохтмонӣ бунёд мегардад. Тибқи лоиҳа, бино аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Иншооти дигари муҳташам маҷмааи варзишии «Суғд-Арена» мебошад, ки дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад.

Дар ин маҷмаа толорҳои муосир барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, таэквандо, гимнастикаи бадеӣ, теннис, шашкаву шоҳмот, инчунин толорҳои бузург барои баргузории мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамзамон сохтмони толори фитнес, маркази барқарорсозӣ, ошхона, мағозаҳои фурӯши лавозимоти варзишӣ, марказҳои омӯзишӣ барои мураббиён ва дигар инфрасохтори зарурӣ дар назар аст.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани «Суғд-Арена» дар он то 1000 нафар метавонанд дар як вақт машқу тамрин намоянд ва даҳҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гарданд.

Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони бинои наву замонавии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд идома дорад. Иншоот аз таҳхона ва 4 ошёна иборат буда, дорои утоқҳои корӣ, толорҳои конфронс, намоишгоҳ ва дигар инфрасохтори зарурӣ мебошад. Пудратчии иншоот ҶДММ «Сохтмони Истиқлол» буда, ният дорад бо истифода аз имконот корҳои сохтмониро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом диҳад.

Сохтмони биноҳои нави Суди вилояти Суғд ва шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд низ идома дорад, ки нишони таваҷҷуҳу ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат ва мақомот нисбат ба кормандони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Тавре иттилоъ дода шуд, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд бунёди беш аз 950 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аксари онҳо мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь