Дар минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе дар беш аз 7 гектар боғи себу олу ва ангур бо ду ҳавзи захираи об бунёд мешавад..
Боғ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад. 25 феврал дар ин минтақа бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои сохтории Кумитаи давлатӣ машварат доир шуд.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода гуфт, ки ҳадафи машварат дуруст ва бо риояи қатъии агротехникӣ шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғи сабзу хуррам ва таъмини нашъунамои он буда, ба ин васила дар ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе саҳм хоҳанд гузошт.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди амал қарор дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь