Дирӯз, 26-уми май, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият шурӯъ кард, ки он имкон дорад дар як шабонарӯз 150-200 таҳлил анҷом диҳад.

Директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон Нурулло Бояков хабар дод, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 таъсис дода шуда, имкони дар як шабонарӯз гузаронидани 150-200 таҳлилро дорад.

– Хизматрасонии ташхисгоҳ ройгон роҳандозӣ хоҳад шуд, – илова кард ӯ.

Ба иттилои манбаъ, ташхисгоҳи мазкур бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар назди ташхисгоҳи амалкунандаи Марказ таҳти роҳбарии ӯ ба кор оғоз кард.

Нурулло Бояков афзуд, ки мутахассисони ташхисгоҳ аз курси махсуси омӯзишӣ дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаштанд.

– Айни замон мутахассисони пажӯҳишгоҳи мазкур дар  ин ташхисгоҳ ба кормандони мо тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд, – илова кард манбаъ.

Бояд қайд кард, ки чунин як ташхисгоҳи вирусологӣ барои муайянсозии бемории COVID-19 дар шаҳри Кӯлоб низ ба кор шурӯъ кард ва акнун дар ҳудуди вилояти Хатлон анҷом додани ҳамаи таҳлилҳо имконпазир гардид. Қаблан намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь