Аз бозору нуқтаҳои савдо ва дигар иншооти вилояти Хатлон наздики 24 тонна маҳсулоти пастсифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта аз муомилот гирифта шуда, беш аз 2 ҳазор соҳибкорон ҷарима шудаанд.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Файзалӣ Бобоҷонов зимни нишасти хабариашон афзуд, ки дар 6 моҳи аввали соли 2019 аз тарафи мутахассисони марказ 5 ҳазору 838 санҷиш гузаронида шуда, барои риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбати 2 ҳазору 117 нафар соҳибкорон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, ки маблағи он 154 ҳазору 615 сомониро ташкил медиҳад.
Ӯ гуфт, ки аз ин миқдор 12 ҳазору 350 дона тухм, 408 килограм маҳсулоти гӯштӣ, 1 ҳазору 66 кг маҳсулоти қаннодӣ, беш аз 11 ҳазор кг маҳсулоти полезӣ ва дигар маҳсулот мебошанд.
– Дар рафти санҷишҳо барои риоя накардани талабаотҳои санитарӣ 354 иншоот фаъолияташон муваққатан то бартараф кардани камбудиҳояшон баста шуд,- илова кард сардори марказ ва гуфт, ки аз ҷумлаи ин иншоот ҳуҷраҳои стоматологӣ ва 37 сартарошхона мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь