Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, ки ҳамзамон дар назди муассиса бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чанд иншооти ёрирасон, аз ҷумла майдони Парчами давлатӣ, биноҳои хоҷагии ёрирасон, системаи гармидиҳӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва майдончаи варзишӣ сохта мешаванд. Ин иншоот барои фаъолияти босифати муассиса заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳоло қариб 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи нақша иншоот то моҳи апрели соли 2026 пурра ба истифода дода мешавад. Муассисаи мазкур бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия пешбинӣ шудааст.
Блоки рекламавӣ



