Портал дар бораи осорхонаҳо, боғҳо ва маконҳои фароғатии шаҳр, инчунин дигар маълумотхои муфидро барои сайёҳон пешкаш менамояд
Дар Душанбе маросими муаррифӣ ва ифтитоҳи портали сайёҳии Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Рустам Холматиён ва муовини аввали раиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзода ширкат карданд.
Одилзода қайд кард, ки Душанбе “дарвоза”-и асосӣ барои сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, ҳисоб мегардад.
Блоки рекламавӣ



