Панҷуми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласаи 107-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад. Аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хабар доданд, ки ҷаласа дар шаҳри Душанбе дар соли раёсати Тоҷикистон дар ин созмон баргузор мегардад. Ҷаласаро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода роҳбарӣ мекунад.
Ба ҳайати Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муовинони раисони ҳукуматҳои давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дохил мебошанд.
Дар ҷаласа баррасии якчанд масъалаи муҳим дар назар аст. Тибқи муҳокимаҳо лоиҳаи ҳуҷҷатҳо барои баррасӣ ба Шурои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод карда мешавад.
Блоки рекламавӣ



